Даҳан бастани зи офатҳо нигаҳбонаст дилҳо ро
Лаби хомӯши девор гулистонаст дилҳо ро
Ба зоҳиргар зи доғ оташин доранд дӯзах ҳо
Биҳишти ҷовдон дар парда пинҳонаст дилҳо ро
Қаноат кун ба лавҳи сода чун Тифлони азин мактаб
Ки нақши Юсуфии хоб парешонаст дилҳо ро
зи худдории дарун дида мӯранд зиндонӣ
Ҷаҳон бе худии малик сулаймонаст дилҳо ро
Макун андеша аз захми забонгар бенишии дорӣ
Ки ҳар захми намоёни мад эҳсонаст дилҳо ро
намедонанд аз кӯдаки мизоҷӣ кӯтаҳ андишон
Ки талхиҳои олам шкрстонаст дилҳо ро
Ба зӯри ишқ чун гул чок кун пероҳани тан ро
Ки субҳи ид аз чок гиребонаст дилҳо ро
Набошад дар дили мурғи қафаси ҷузи фикри озодӣ
Куҷои андешаи обу ғам нонаст дилҳоро ?
Агар чун ғунча нашукуфта дилгиранд дрзоҳр
Чу гул дар пардаи чандин рӯй хандонаст дилҳо ро
з бе тобии дил симоб шуд осӯда чун марказ
Ҳамон бе тоқатии гаҳвора ҷунбонаст дилҳо ро
намедонам кадомин ғунчаи лаб дар парда ме хандад
Ки шӯри сад қиёмат дар намакдонаст дилҳо ро
Сари зулф ки ёрб остин ифшоанд бар олам ?
Ки асбоби парешоне ба сомонаст дилҳо ро
Кадомин тирро дидӣ ки бошад аз ду сари хандон ?
Лаби хандони гувоҳи чашм гирёнаст дилҳо ро
зи хории шиква ҳо доранд соиб кӯтаҳ андишон
намедонанд иззати чоҳ ва зиндонаст дилҳо ро