Забони барг буд аз зикри хомаши бӯстонҳо ро
Насим навбаҳорон кард гуё ин забонҳо ро
зи ақли кӯтаҳ андешаст саргардонии мардум
Биёбон марг месозад далели ин корвонҳо ро
Агар озодае , осӯда бош аз сардии даврон
Ки дорад ёд ҳар сарвии дарин гулшани хазонҳо ро
Сари сўдоиён аз гардиш ҷомаст мустағнӣ
Ки об аз шавқ бошад Осиёи осмонҳо ро
Ба беному нишоне метавон шуд эмин аз офат
Ки зуд аз пои дароради гардани афрозии нишонҳо ро
Ба истимрор , неъмат дар назарҳо хор ме гардад
зи гулгашти чаман лиззат набошад боғбонҳо ро
Алойиқи домани озодагон соиб наме гирад
з ҷавлон нест монеъи хору хаси оташи Аннанҳо ро