Гарчи он сарви равон дар ҳама ҷо ме бошад

Нест мумкин ки тавон ёфт куҷо ме бошад

Халқро доруии беҳӯшии ҳайрат барда аст

Варна ӯ бо ҳамаи кас дар ҳама ҷо ме бошад

Нест мумкин ки зи ман давр туоне гардид

Айнаки соФдлон дурнамо ме бошад

Аз сари кӯии ту ҳаркас ки кунад азми сафар

Гар ба фирдавс равад рӯ ба қафо ме бошад

Дар дили мости хаёли ту ва аз мо давраст

Акс аз ойӣна дар ойӣна ҷудо ме бошад

Хизр дар домани саҳрои талаб камёб аст

Варна дар ҳар сияҳии об бақо ме бошад

Ҷигари сӯхтаи соҳиб назарон ме доранд

Машк дар нофи ғизолон хто ме бошад

Дили санги ту зи битобии мо осӯда аст

Қибларо кӣ хабар аз қибла намо мебошад ?

Нест мумкин ки ба рӯйиши нгшоинди дарӣ

Ҳарки дар ҳалқаи мардон худо ме бошад

Сари озодау дарди сари давлат , ҳайҳот

Теғ бар фарқи ман аз бол ҳумо ме бошад

Раҳнавардӣ ки сбкбори з дунё гузарад

Хор дар раҳгузараши даст дуо ме бошад

Ҳарки ҷон дода дарин роҳ , расидааст ба ҷон

Дили ҳаркас ки з ҷо рафт баҷо ме бошад

Аз дами гарми ту соиби дил афсурда намонад

Нафаси сӯхтагони уқда гшо ме бошад