Кӣ дили солики саргашта баҷо мебошад ?

Ҳаракати лозимаи қибла намо ме бошад

Дидаи олимӣ аз хоб , дам субҳ гушӯд

Нафаси соФдлони уқда гшо ме бошад

Ҳар ғамӣ ҳаст ба анҷом расад дар ду се рӯз

Ғам рӯзӣаст ки сӣ рӯз ба ҷо ме бошад

Пардаи фақр даридани гул биҳўслгӣ аст

Хирқаи мо чу зираи зер қабо ме бошад

Ошиқонро набӯд дар ҷигари сӯхтаи оҳ

Донаи сӯхта бе нашав ва намо ме бошад

Ҳаркии худро ба тамомӣ шаканд шуҳра шавад

Ма чу борӣк шуд ангушт намо ме бошад

Пайравонро нигаронӣ набӯд аз дунбол

Дидаи роҳнамоён ба қафо ме бошад

Аз худӣ дар таҳ сангаст турои по , варна

Ҳарки аз хеши баромади ҳама ҷо ме бошад

Хӯн кунад дар ҷигари теғи ҳаводиси соиб

Оҷизиро ки сипари даст дуо ме бошад