Печу хами лозимаи ришта ҷон ме бошад

Нест бесилсила то об равон ме бошад

Ҷон равшан накунад дар тани хокии ором

Об дар сулби гуҳари қатра занон ме бошад

Ихтиёрӣ набӯд оҳ , куҳансолон ро

Тирро шҳпри парвоз , камон ме бошад

Суҳбати бдгҳрон бар дил некон бораст

Дар тарозуии гуҳари санг гарон ме бошад

Рахна дар ҷавшан фӯлод кунад чун пайкон

Дили ҳаркас ки мувофиқ ба забон ме бошад

Чашм ҳайрон нашавад сайри зи назораи ҳасан

Дидаи оинаи доим нигарон ме бошад

намерасад рӯзяш аз олами боло бе хост

Ҳарки монанди садафи пок даҳон ме бошад

Шухии ҳасан маҳоласт зи хат гум гардад

Барқ дар абри сияҳи ханда занон ме бошад

Дидаи ҳирс маҳол аст шавад сайр ба хок

Дом дар зери замини ҳам нигарон ме бошад

Ишқ дар парда номӯс намонад соиб

Моҳи пӯшидаи куҷои зер каттон мебошад ?