Зоҳиру ботини мардон ба сафо ме бошад

Пушти ин оинаҳо рӯй намо ме бошад

Худнамое набӯд шеваи равшани гуҳарон

Чун зираи ҷавҳарашони зер қабо ме бошад

намефитад зуди зи чашми ончӣ мукаррар гардад

Ки шабии моҳи нави ангушт намо ме бошад

Коҳро гар накушуд аз таҳи девори бурун

Нақс дар ҷозиба коҳрбо ме бошад

Ҳоҷат эҷод кунад фақр ба дилҳои ғаюр

Шаҳи зи дарвеши талабкор дуо ме бошад

Ҳарки дар қайд худӣ монад замини гир буд

Ҳарки берун равад аз худ ҳама ҷо ме бошад

Нихват аз мағз бурун кун ки ҳубоб аз дарё

То буд дар сараши ин бод , ҷудо ме бошад

Ман ки аз худ хабарам нест з бе парвое

Дили саргашта чаҳ донам ки куҷо мебошад ?

Бӯсае зон даҳани танг ба сад ҷони надиҳад

Ҳарчӣ камёб буд беш баҳо ме бошад

Тоза шуд ҷони ман аз бӯсаи он ғунчаи даҳан

Суҳбати хуши нафасони рӯҳ Фзо ме бошад

Дар назарҳо шавад ангушти намо чун маи нав

Аз тавозуъи қади ҳаркас ки дўто ме бошад

Домани оҳи саҳарро мада аз кафи соиб

Ки футуҳоти дарин зер ливо ме бошад