Сабк ҷавлон кунад шавқи сабки рӯҳаши гаронҳо ро
Ба дунболи афканди манзили дарин раҳи корвонҳо ро
зи ҳайронӣ хирад шуд хушк , то трдстии сунъаш
Ба даври андохт бе оби Осиёи осмонҳо ро
Чунон каз абри раҳмат , новдони рутаб аллсон гардад
зи зикри ҳақ тароват мешавад пайдои забонҳо ро
Ним аз ҳарзаи нолон чун ҷарас дар водии ишқаш
зи фарёдӣ ба манзил май расонами корвонҳо ро
зи дарду доғи ишқи онҳо ки мегӯйанд бо зоҳид
зи хомӣ дар танур сард мебанданд нонҳо ро
зи сахтиҳои даврони қонеъонро нест парвое
Ҳумои субҳи умеди худ шуморади устихонҳо ро
Насими субҳ аз тороҷи гулзор ки меояд ?
Ки мурғони коса дарюза карданд ошёнҳо ро
Чунон каз истодан соф гардад обҳо соиб
Хамӯшӣ мекунад равшани гуҳар , теғи забонҳо ро