Орифоне ки азин ришта сиррӣ ёфта анд
Бехабар гашта зи худ то хабарӣ ёфта анд
Солҳо маркази паргори ҳаводис шуда анд
То азин доираҳо по ва сиррӣ ёфта анд
Чашми ин сӯхтагони об сиёҳ оварда аст
То зи сари чашмаи ҳайвон хабарӣ ёфта анд
Солҳо каф ба сари хеш чу дарё зада анд
То зи дарёии ҳақиқат гуҳарӣ ёфта анд
Бор бардоштаанд аз дили мардуми умрӣ
То зи эҳсони баҳорон самарӣ ёфта анд
Солҳо ғӯта чу шаб дар дил зулмат зада анд
То зи чоки ҷигари худ саҳарӣ ёфта анд
Гар сар аз ҷайб наёранд бурун маъзӯранд
Дар нҳонхонаҳи дил симбрӣ ёфта анд
Бастаанд аз ду ҷаҳони чашми ҳавас чун ёқӯб
То зи пероҳани Юсуф назарӣ ёфта анд
Дилашони тангтар аз чашмаи сӯзан шуда аст
То зи сари риштаи мақсӯд сиррӣ ёфта анд
Дасти бедордилони обилаи фарсӯда шуда аст
То азин хонаи торик дарӣ ёфта анд
Ҳамчуи парвонаи дарин базми зи сӯзи дили хеш
Борҳои сӯхта то бол ва парӣ ёфта анд
Макаш аз рахнаи дили пои тараддуди зинҳор
Ки дарин кӯчаи зи симурғ парӣ ёфта анд
Гирди маҷнӯни назари боз , ғизолони шабу рӯз
Чун нигараданд , ки соҳиб назарӣ ёфта анд
Соиб аз гиря мастона макун қатъи назар
Ки з ҳар қатраи ашкӣ гуҳарӣ ёфта анд