Ҳар гуруҳе ба далел дигар овехта анд

Бўшносон ба насими саҳар овехта анд

Баҳри фирдавси гуруҳе ки зи дунёи гузаранд

Аз ҳавоӣ ба ҳавоӣ дигар овехта анд

Раги хомии расани гардани Мансур шуда аст

Миваи пухтаи куҷо аз шаҷар овехтаанд ?

Парда бурдор ки чун абр парешон гардад

Ҳар ҳиҷобӣ ки зи пеши назар овехта анд

То ба он мӯии миёни каси натавонади раҳи барад

Зулфи мишкӣни туро то камар овехта анд

Чашми шӯхи ту ба айби дгарон машғӯл аст

Варна сад оина дар раҳгузар овехта анд

Ғофиланд аз дили пари обилаи худ соиб

Содаи лавҳон ки ба ақди гуҳар овехта анд