Гӯшаи гирон ки зи айём канорӣ доранд
Ҳамчуи сайёди камӣнгоҳ шикорӣ доранд
Бӯсаи он лаб теғасту канор аз ҳастӣ
Ошиқонгар ҳаваси бӯс ва канорӣ доранд
Нури ойӣна ба андоза хокистар ӯст
Тираи рӯзони дили хуршед шиорӣ доранд
Гарчи чун обилаи ушшоқ ба зоҳир гиреҳанд
Дар саропардаи дили турфа баҳорӣ доранд
Нест мумкин ки сарафроз нигараданд чу гирд
Хоксорон ки сари роҳ саворӣ доранд
Сатҳёни ғӯр маъонӣ натавонанд намӯд
Бештари оинаҳо нақш ва нигорӣ доранд
Чун тавонанд батон чашми зи худсозии баст ?
Ки з ҳар пораи дили оина дорӣ доранд
Нест мумкини ҳамаи шаби сайр чироғон накунанд
Дар ҷигар , сӯхтаҳоӣ ки шарорӣ доранд
Ба ки дар домани равшангар ишқ овезанд
Синаҳоӣ ки зи афлок ғуборӣ доранд
Ҳиммат аз турбати он қавм талаб кун соиб
Ки зи сӯзи дили худ шамъ мазорӣ доранд