Ҳоли ман аз назари ёр ниҳон ме доранд
Хабари марги зи бемор ниҳон ме доранд
Дардмандон ки зи дарди дгарон доғ шаванд
Дарди худро зи парастор ниҳон ме доранд
Сабр бар захм забон кун агар аз аҳли дилӣ
Ғунчаро дар бағали хор ниҳон ме доранд
Дурбинон ки зи ғаммозӣ роз огоҳанд
Рози худ аз дару девор ниҳон ме доранд
Чок чун ғунча шавад синаи ҷамъии охир
Ки ба дили хурдаи асрор ниҳон ме доранд
Бениёзаст зи пӯшиши сари арбоби ҷунун
Сар бемағз ба дастор ниҳон ме доранд
Қадрдонони бало аз назари бидрдон
Хорро чун гул бехор ниҳон ме доранд
Ҳеҷ касро хабарӣ нест азон мӯии миён
Кофарони риштаи зуннор ниҳон ме доранд
Парда аз рӯй сухани пеши сияҳ дил магушо
Чеҳра аз оинаи тор ниҳон ме доранд
Сахти ҷонони садафи гавҳар асрор диланд
Лаъл дар синаи кҳсор ниҳон ме доранд
Ишқро содаи дилоне ки бапушанд ба сабр
Шуъла дар зулфи шаби тор ниҳон ме доранд
Рӯй мақсӯд набенанд гуруҳеи соиб
Ки гул аз мурғи гирифтор ниҳон ме доранд