Нест ғайр аз дили худ рӯзии меҳмони вуҷӯд

Бозии неъмат алвон махӯр аз хон вуҷӯд

Гиряи талх буд чашмаи ширини ҳаёт

Оҳи афсӯс буд гирди биёбони вуҷӯд

Раҳм кун бар дили сдпораҳ , машав ҳам намакаш

Ки буд шӯри қиёмат намак хон вуҷӯд

Зуд бошад ки кунад заҳри надомати сабзаш

Ҳаркии лаб тар кунад аз чашмаи ҳайвони вуҷӯд

Домани дашти адам то ба қиёмат сабзаст

Ду се рӯзӣаст барӯмандии бустони вуҷӯд

Чаҳ ба ғайр аз дилу чашми нигарон бо худ барад ?

Шабнами мо зи тамошои гулистони вуҷӯд

Пеши шамъӣ ки шуд аз офат ҳастӣ огоҳ

Даҳани газ буд тавқи гиребони вуҷӯд

Пар коҳӣаст ки бар бод буд бунёдаш

Дар биёбони адами тахти сулаймони вуҷӯд

наметавон ёфт ба субҳи дили бедори наҷот

Аз хаёли адаму хоби парешони вуҷӯд

Нест ҷузи ҷавҳари шамшери шаҳодати соиб

Хати озодии атфоли дабистони вуҷӯд