намешавад оби равон чун ба раг ток равад

Сарфаи об дар онаст ки дар хок равад

Ҳамаи шаби гирди дили сӯхтагон май гардӣ

Кас надидам ки дар оташ чу ту бибок равад

Гирд гаштем ва баландаст ҳамон пояи мо

Хоксорӣ илмӣ нест ки дар хок равад

Хушк шуд чашмаи шамшери зи саргармии ман

То азин шуълаи оташ чаҳ ба фитрок равад

Чашмаи ишқ ба дарёии карам пайваста аст

Назари ишқ ба ҳаркас ки фитад пок равад

Ҳоли мурғони гирифтор чаҳ хоҳад бӯдан ?

Дар мақомӣ ки қафас бо дили сад чок равад

Ҳайф ва сад ҳайф ки дар олами имкони соиб

Гӯша Эй нест ки кас бо дил ғамнок равад