Ҳаркии пӯшади назар аз ком ба манзил баравад

Доими овора буд ҳаркии пай дил баравад

Домани барқи куҷо , панҷаи хошоки куҷо

Хор дар пои талабкори ту мушкил баравад

Чун нафаси сӯхтагон каъба равад бар асараш

Ҳарки дар роҳи талаб бар асар дил баравад

Тарки андеша буд Хизри раҳи Фрдрўон

Чанд умри ту ба андеша ботил баравад ?

Даст дар домани тавфиқи зан аз хеши броӣ

Қӯти пои ту ҳайфаст ки дар гул баравад

Агар инаст ки ман ёфтаам завқи талаб

Ҷой раҳмаст бар он кас ки ба манзил баравад

Зуд бар маснади хокистар худ биншинад

Ҳарки бехост чу парвона ба маҳфил баравад

Ҳарки хоҳад ки ба ҳарфаш нагузоранд ангушт

Чун қалами роҳи суханро ба аномл баравад

Захм дар перҳанаши сунбултар май резад

Ҳарки аз ҳуши зи назора қотил баравад

Гар суханҳои ту соиби сӯии Бобули бибаранд

Саҳар аз хотири ҷодӯгар Бобул баравад