Ёди он ҷилваи мастона кӣ аз дил баравад ?

Ин на мавҷӣаст ки аз хотир соҳил баравад

Хати сабзи ту маҳоласт ки аз дил баравад

Ин на нақшӣаст ки ҳаргизи з муқобил баравад

Нест беруни зи саропардаи дили Лайлии мо

Ҳар ки хоҳад ба тамошои пай маҳмил баравад

Мо на онем ки бар мо накунад раҳм касе

Хӯни мо пештар аз дида қотил баравад

Сӯзании лангари парвоз масеҳо гардид

Ин на роҳӣаст ки маҷнӯн ба слосл баравад

Сарф афсӯс шавад мояи ашку оҳаш

Ҳарки чун шамъ , надониста ба маҳфил баравад

Ҳаркии бории зи дил роҳравон бардорад

Рост чун роҳ , сбкбор ба манзил баравад

Дидаи равзанааш доғ надомат гардад

Ноумед аз дар ҳар хона ки соил баравад

Содаи лавҳӣ ки шикоят кунад аз шӯриши баҳр

Вогузораш ки чу хошок ба соҳил баравад

Сайди мо гарчи забунаст , вале бирҳмӣ

Ҷавҳарӣ нест ки аз ханҷар қотил баравад

Ҷустуҷӯии гуҳар аз нақши пай мавҷ кунад

Содаи лавҳӣ ки раҳи ҳақ ба далоил баравад

Бесафо шуд гуҳари рӯҳи зи омезиши ҷисм

Чанд ин қофилаи оина дар гул баравад ?

намекашад дар дили шабҳо нафасии мавҷи сароб

Вой бар ҳоли нигоҳӣ ки пай дил баравад

Оҳи ҳасрати нафаси биҳдаҳ эй май сӯзад

Хати райҳон на ғуборӣаст ки аз дил баравад

Чаҳ гул аз Лайлӣ бепарда тавонад чидан ?

Ҳарки аз роҳ ба ороиш маҳмил баравад

Манъ соиб макун аз бихўдӣ эй ақли фузул

Ҳаркии маҷнӯн буд аз майкада оқил баравад