Панди носеҳ ба ҷунуни ман аФгори афзуд

Шарбати талх ба бдхўиии бемори афзуд

Ҳеҷ каси уқдае аз кори ҷаҳон боз накард

Ҳарки омад гиреҳӣ чанд бар ин кори афзуд

Зуҳдро пеша гирифтам ки зи ғифлати барҳам

Пардаи ғифлатам аз ҷбаҳу дастори афзуд

Боиси кулуфти ман ҷӯш ҳаводорон шуд

Акси тӯтӣ ба дили оинаи зангори афзуд

Ҳарки омад ғамӣ аз рӯй дилам бардорад

Рахнае чанд бар ин синаи аФгори афзуд

Шуълаи ишқи зи тақлид баландӣ гирад

Шӯри булбули зи тамошоеи гулзори афзуд

Ишқ аз рӯзи азали ӣнҳама душвор набӯд

Ҳарки дар дил гиреҳӣ дошт бар ин кори афзуд

Пушти ойӣна ба ман чеҳра мақсӯд намӯд

Рағбати хайри ман аз суҳбати ашрори афзуд

Шуғли Фарҳод гирифтани з ҷавонмардӣ нест

Натавон кӯҳи ғами хеш ба кҳсори афзуд

Чун қалами суҳбати ман то ба дурӯён афтод

Ҳарчӣ коҳед зи кирдор ба гуфтори афзуд

Ин чаҳ роҳаст ки ҳарчанд ки мушкилтар шуд

Бештари дарди талаб бар дили аФгори афзуд

Ҳарқадр дар чамани ҳасани ту гул афзӯн шуд

Шарми бирҳм ба хори сари девори афзуд

Гармтар кард ман сӯхтаро захми забон

Шуълаи оташи сӯзони зи хасу хори афзуд

Оҳи азин расм ки ҳарчанд ки мушкил шуд роҳ

Ишқи соиб ба дили роҳравони бори афзуд