Рафт дар хилвати минои гул ва булбул осуд
Булбул аз нолаи фурӯи басти лаб ва гул осуд
Шуълаи гармии ҳангома гулзор нишаст
Ғунча шуд шӯҳрати гул , дида булбул осуд
Дами шамшери тағофули ҳамаро бо ман буд
Ман чу рафтам зи миён , теғ тағофул осуд
Партави субҳи биногваши гарон буд бар ӯ
Чун гул рӯй ту дар соя сунбул осуд ?
Чун ба зери фалак аз тафриқа эмин бошам ?
Натавон фасли баҳорон ба ту пул осуд
Чашми ҷодӯгараш он рӯз ки омад ба сухан
Дар дил чаҳ дили ҷодӯгар Бобул осуд
Тавсанӣ нест таваккул ки Сикандар бихӯрад
Ҳарки биспурад Аннанро ба таваккул осуд
Бо чунон шухии табъӣ ки ба гул ханда задӣ
Дар дили хоки чисони толиб омул осуд ?
Ҳайратӣ дорам азон шабнами ғофили соиб
Ки ба даври рух ӯ бар варақ гул осуд