Аз маломати дили равшани гуҳарон шод шавад

Дев дар шишаи ин ҷамъ призод шавад

Душманонгар зи парешонеи ман хўшўқтнд

Чаҳ азин ба ки дилӣ чанд зи ман шод шавад ?

Дар биёбони талабгар нафасӣ рост кунам

Дар хароши дили ман нохун фӯлод шавад

Накунад нолаи мазлӯми асар дар золим

Хоби ин қавми гаронсанг ба фарёд шавад

Ончӣ ман ёфтам аз завқи гирифтории ишқ

Ҷой раҳмаст бар он банда ки озод шавад

Ки гумон дошт ки чун зулф шавад рӯгардон

Хати шбрнг , турои хона сайёд шавад

Нест дар толеъи ин хона ки обод шавад

Чаҳ ба таъмири дил хеш кунам соиби саъй ?