Ҷигари ташна маҳоласт ки сероб шавад
Гар ақиқи лаб ӯ дар даҳанам об шавад
Чаҳ ғам аз тобиши хуршед қиёмат дорад ?
Ҳарки дар сояи шамшоди ту дар хоб шавад
Тухми умед барӯманд нагардад зи баҳор
Сабз вақте шавад ин дона ки дил об шавад
Ҳаркии як чанд дарин доира бар худ печад
Дар кафи баҳри бақои хотам гирдоб шавад
Захми ағёр ба сад кони намак бенамак аст
Доғ мо нест нмксўди з маҳтоб шавад
Ишқи охир ба дили ғмздаҳ май пардозад
Баҳри равшангари ойӣна сайлоб шавад
Хор дар перҳани бихброн гул гардад
Мижа дар дидаи бидрди раг хоб шавад
Тӯтӣ аз партав ойӣна шавад ҳарфи шинос
Сухани он рӯз шавад сабз ки дил об шавад
Аз дами гарми ту соиб ки заволаши мрсод !
Дил агар байзаи фӯлод буд об шавад