Бода дар шишау паймонаи ман санг шавад

Сабзии бахт бар ойӣнаи ман занг шавад

То фишондам ба ҷаҳони даст сбкбор шудам

Шавад осӯдаи фалохан чу сабк санг шавад

Бар замин мезанадаш снгдлиҳои фалак

Сози ҳаркас ки дарин доира оҳанг шавад

Кӯҳи тамкини ту дар пила нозаст тамом

Ин на сангӣаст ки муҳтоҷ ба посанг шавад

Буии гул дар гиреҳ ғунча кунад худро ҷамъ

Ғам маҳоласт ки беруни зи дил танг шавад

Умрро кӯҳи ғаму дарди сабк ҷавлон кард

намеравад тунд чу сайлоб гаронсанг шавад

Ҳаркиро танг шавад халқи зи савдои соиб

Чарху анҷум ба назари доман пурсанг шавад