Ҳирсро тишнагии афзӯн ба зар ва мол шавад

Чашми ойӣнаи куҷои сайри з тимсол шавад ?

Баҳраи хоҷаи зи асбоб ба ҷуз меҳнат нест

Арақ аз бори гарони қисмат ҳмол шавад

То намирад , з тараддуд накушуд пои ҳарис

Роҳати мӯр дар онаст ки помол шавад

Май дӯди бас ки паии хирмани мардуми чашмат

Пӯст вақтаст бар андоми ту ғарбол шавад

Чун шаби тор ба як рӯзи сияҳ май созӣ

Гар туро рӯй замини нома аъмол шавад

Ба шикастӣ ки з даврон расад озурда мабош

Ки қафас чун шаканд шҳпр иқбол шавад

Маслиҳат нест зи ширини суханони хомӯшӣ

Занги ойӣна буд тӯтӣ агар лол шавад

Талаб дил макун аз зулф ки сар ме бозад

Дуздро ҳаркии шаби тор ба дунбол шавад

Соиб аз чархи ҳамин ком таманно дорад

Ки сараш дар қадами сарви ту помол шавад