Ишқро пардаи номӯс нигаҳбон нашавад
Бодбони пардаи мастурӣ тӯфон нашавад
Хат покӣаст зи авзоъи ҷаҳони ҳайронӣ
Вақти ойӣна ба ҳар нақш парешон нашавад
Миср аз чеҳра Юсуф нашавад боғи халил
То барафрӯхта аз силӣ ихвон нашавад
Мум дар домани дарёии карам анбар шуд
Куфр дар ишқ маҳоласт ки имон нашавад
Сайри чашмӣ ва бузургӣ нашавад бо ҳам ҷамъ
Мӯр бе пои малахи пеш сулаймон нашавад
Нест дар олами таслими парешони назарӣ
Дидаи кушта маҳоласт ки ҳайрон нашавад
Ихтиёрӣ набӯд гиряи равшани гуҳарон
Дидаи шамъ ба санги яда гирён нашавад
Даст гулчин равад аз кори з бисёре гул
Дили парвонаи тасаллӣ ба чироғон нашавад
Хоре ҳаст ба дунболи худороӣ ро
Пари тоўс маҳоласт магас рон нашавад
Гар ба ин ранг барояд зи пас пардаи баҳор
Соиб аз тавба маҳоласт пушаймон нашавад