Сари ошуфтаи зи дастор басомон нашавад

Ҷамъи гардидани кафи лангар тӯфон нашавад

Гул чу хандид маҳоласт дигар ғунча шавад

Сар чу ошуфта шуд аз ишқ , басомон нашавад

Шухии ҳасан аён мешавад аз пардаи шарм

Барқ аз абр маҳоласт намоён нашавад

Пунба нозада ҳаллоҷи з ҳақ ме хоҳад

Мағзи Мансур маҳоласт парешон нашавад

Дуздро хотири огоҳи шаб маҳтоб аст

Дили равшани гуҳарони оҷиз шайтон нашавад

Аз тиҳии чашмии мо ризқи пароканда шуда аст

Дона дар дом маҳоласт парешон нашавад

Бигузар аз парвариши нафас ки ин бдкрдор

Ошно чун саги девона ба эҳсон нашавад

То садаф меҳр хамӯшӣ назанад бар лаби худ

Об дар ҳавсилааш гавҳар ғалатон нашавад

Ҳирс ҷон медиҳад аз баҳри парешони гардӣ

Мӯри қонеъ ба кафи даст сулаймон нашавад

Ҳаркиро ҷавҳар зотӣ набӯд ҷомаи фатҳ

Ба ки чун теғи дарин маърака урён нашавад

Чаҳ хаёласт ки соиби з сухан гардад сайр ?

Ташнаи сероби зи сарчашма ҳайвон нашавад