Шавқам аз нома ба васли ту фузунтар гардид

Нома бар оташи ман доман дигар гардид

Аз баҳори чамани афрӯз буд барги гулӣ

Ончӣ аз ҳасани ту дар дида мусаввир гардид

намешавад равзанааш нофи ғизолони хутан

Хонаи ҳарки азон зулф муаттар гардид

Хира аз дидани хуршед қиёмат нашавад

Дидаи ҳаркии з рӯй ту мунаввар гардид

Ишқи равшандил агар нест зи авлоди халил

Аз чаҳ оташи гулу райҳон ба самандар гардид ?

Дар шаби васли зи маҳрӯмии ман огоҳ аст

Ташнаи ҳаркаси зи лаби оби бақо бар гардид

Ҳамчу ойӣна шудам дидаи ҳайрони ҳамаи тан

То марои давлати дидор муяссар гардид

Он кас аз кӯрдилонаст ки аз хўдроиӣ

Натавонади з ғалат карда худ бар гардид

Ҳаст дилчасбтар аз қанди мукаррари соиб

Сухани тӯтии мо гарчи мукаррар гардид