На ҳамин дили зи сари зулфи ту мафтӯн гардид
Ҳаркии пайваст ба ин силсила маҷнӯн гардид
Ҳасан аз тарбияти ишқи забон овар шуд
Сарв дар зери пари фохта мавзун гардид
Шаби маҳтоб буд рӯзи сияҳ дар назараш
Дили ҳаркас ки дар он турра шбгўн гардид
Бухли он рӯз давонед рагу реша ба хок
Ки замини пардаи мастурӣ қорун гардид
Ҳаркии мафтӯни сари зулф сухан шуд , донад
Ки дили соиб аз андеша чаро хӯн гардид