Дар ҷаҳони кас меъушрат натавонист кашид

Орўзи пой фароғат натавонист кашид

Оҳ каз пастии ин миҷмар бе равзани чарх

Нафасии шуъла фитрат натавонист кашид

Ҳаркии болини қаноати зи каф даст накард

Рахт бар бистар роҳат натавонист кашид

Фарди шӯи фард ки то Хизр нашуд давр аз халқ

Дами обӣ ба фароғат натавонист кашид

Дашти тФсидаҳ ишқаст ки хуршеди баланд

По аз онҷо ба саломат натавонист кашид

Дил ки хмхонаҳи офот тиҳӣ карда ӯст

Бодаи талх насиҳат натавонист кашид

Нармӣ аз халқ мадоред таваққуъ ки Масеҳ

Равған аз рег ба ҳикмат натавонист кашид

Дид то рӯй турои оина , рӯ пинҳон кард

Хиҷлати субҳ қиёмат натавонист кашид

Ба чаман рафтӣ ва аз шарми гули оризи ту

Ғунчаи хамёза ҳасрат натавонист кашид

Соиб аз сояи арбоби карам сар дуздед

Кӯҳ бар фарқи з миннат натавонист кашид