То ниҳоли ту қадар аз гулшан тақдир кашид
Сарвро фохта аз тавқ ба занҷир кашид
Ҳаргиз аз сайли гаронсанг , иморат накушуд
Ончӣ вайронаам аз миннат таъмир кашид
Ишқи хуш саҳл баровард маро аз ду ҷаҳон
Натавон мӯии чунин аз қадаҳ шер кашид
Натавонист дили сахти туро нарм кунад
Оҳи гармам ки гулоб аз гул тасвир кашид
Қадами рости равони Хизри раҳ тавфиқ аст
Сар чу пайкон натавон аз қадам тир кашид
Болаш аз домани ҳурон биҳиштӣ накунад
Хоби мо бас ки парешоне таъбир кашид
Дар хами зулфи гиреҳгири ту оҷиз шуда аст
Дили соиб ки Аннан аз каф тақдир кашид