Аз дили хўншдаҳи ҳаркас ки шаробӣ накашид

Домани гул ба каф оварад ва гулобӣ накашид

Ҷой раҳмаст бар он мағз ки дар базми вуҷӯд

Аз дили сӯхтае буи кабобӣ накашид

Хок дар косаи он чашм ки аз пардаи хоб

Бар рухи давлати бедор ниқобӣ накашид

Рашк бар мавҷ саробаст дарин дашти маро

Ки зи дарёии бақои миннат обӣ накашид

Магзар аз кӯии харобот ки осӯда нашуд

Ганҷ то рахти иқомат ба харобӣ накашид

Роҳ чун Хизр ба сарчашмаи тавфиқи набард

Дар таҳи пои хами он кас ки шаробӣ накашид

Ҳарки чун кӯзаи лаб баста нигарадед хамӯш

Дар хароботи ҷаҳони бода нобе накашид

Ҳарки чун сарви дарин боғ нигарадед озод

Нафасӣ рост накарду дам обӣ накашид

Шуд ба тбхолаҳ бе оби зи гавҳари қонеъ

Садафи ташнаи мо ноз саҳобй накашид

Кист то раҳм кунад бар ҷигари ташнаи ман ?

Ки ба занҷири марои мавҷ саробӣ накашид

Ҷигари ташна буд лолаи хокаши соиб

Ҳарки зон чоҳи занхдони дам обӣ накашид