зи чашми бади рухи хуби туро газанд мабод

Сурӯди базми ту ҷузи нағма сапанд мабод

Кушоди кори ҷаҳон дар кушода рӯе туаст

зи танггирӣ ғами хотират нижанд мабод

зи нӯшханди ту офоқ шкрстон аст

Даҳони танги ту бесубҳ нӯшханд мабод

зи хати сабзи ту кишт умед сарсабзаст

зи чашми хираи нигоҳони туро газанд мабод

Биҷузи арақ , гул рӯй ту дар худороӣ

Ба ҳеҷ гавҳари дигар ниёзманд мабод

Агарчӣ сунбули зулфат ба хӯни ман ташна аст

Раҳои дил азон анбарин каманд мабод

Чамани саҳеҳи зи беморӣ насим сабост

Нигоҳбони ту ҷузи ҷон дардманд мабод

Дили маро ки зи қайди ду олам озодаст

зи қайди ишқи ту озоди ҳеҷ банд мабод

Сухан дар оина офтоб ме гузарад

Ғубори хотири афтодагон баланд мабод

зи хомаи ту шкрзор шуд ҷаҳони соиб

Ки тӯтии ту ба шукр ниёзманд мабод