Гули изори ту аз дард нимрнг мабод !

Ба хандаи ту зи тбхолаҳи ҷой танг мабод !

Мабод набзи ту чун мавҷи музтариби ҳаргиз

Миёни табъи туу эътидол ҷанг мабод !

Паии алоҷи ту каз таб чу офтоб шудӣ

Масеҳро ба фалаки фурсат диранг мабод !

Сабк , гаронии худ дард аз сарати бабрад

Чу офтоб бар ойӣнаи ту занг мабод !

Ба чеҳраи ?ути арақи сарду гарм ватар бадвад

Ғубори оризаро бар рахт диранг мабод !

зи ҷоми сиҳҳати ҷовиди лола гаван бошӣ

Баҳори офиятат дар хумор ранг мабод !

Умедвори чунонам ба лутфи ҳақи соиб

Ки оҳи ман ба фалак беш азин ба ҷанг мабод !