Ба даври лаъли ту ёқӯт аз об ва ранг афтод

зи чашми ҷавҳарён чун суфол ва санг афтод

Дигар ба қиблаи исломи каҷ нигоҳ кунад

Нигоҳи ҳарки бар он сӯрат фаранг афтод

зи танги айшии ман хурдаи бинӣ огоҳ аст

Ки чун шарор ба банди гарон санг афтод

Шикаст ранг кунад кори шиша бо дилҳо

Ҳазар кунед зи ҳасанӣ ки нимрнг афтод

Забони арзи таҷаммул ба якдигари печид

Ки роҳи қофила бар дидаҳои танг афтод

Бараҳна дар даҳани теғ борҳо рафтам

Ки набзи фикр , маро чун қалам ба чанг афтод

Ба саракашон ҷаҳонаст ҷанги ман доим

Ба теғи кӯҳи марои кор чун паланг афтод

зи шавқ , санги нишони болу пар бурун оварад

Ба водӣӣ ки марои пои саъй ланг афтод

Шикастаи дили ман кӣ дуруст хоҳад шуд ?

Ки мумиёеи ман сахттар з санг афтод

Ҳамон зи чашм ғизолон ҳисорем соиб

Агарчӣ домани саҳрои маро ба чанг афтод