зи чеҳраи ту назарҳо пуроб ме гардад
зи оташи ту ҷигарҳо кабоб ме гардад
Агар ба лаби зи сари шиша пунба бурдорӣ
зи як пиёлаи ду олам хароб ме гардад
зи дида ту шавад хира , чашми густохӣ
Ки бар варақи варақ офтоб ме гардад
Ҳадиси теғи ту ҳарҷо ки дар миён ояд
Даҳони захми шаҳидон пуроб ме гардад
Фусурдае ки дар ӣнҷо ба доғ ишқ насӯхт
Дар офтоби қиёмат кабоб ме гардад
Ба рӯзгор хат андоз комҷўиӣ ро
Ки ин дуои дили шаб мустаҷоб ме гардад
Ҳилоли ғабғаби ҷонон латофатӣ дорад
Ки аз ишораи ангушт об мегардад !
Мадори чашми иқомати зи барги айши ҷаҳон
Ки гули зи грмрўииҳо гулоб ме гардад
зи ҳасани оқибат ҷустуҷӯ машав навмед
Ки хӯни сӯхтагони машк ноб ме гардад
Ба нури ақли тавон ҷамъи сохтани худ ро
Каттони дурусти дарин моҳтоб ме гардад
Ҳиҷоби ишқ гирифтааст чашми мо соиб
Вагарнаи дилбари мо беҳиҷоб ме гардад