Ҳиҷоби пардаи чашм пуроб ме гардад
Вагарнаи дилбари мо бениқоб ме гардад
Ҳамин зи ҷилваи он шохи гул хабар дорам
Ки ашк дар назари ман гулоб ме гардад
Чаҳ оризаст ки аз партави мушоҳида аш
Ба чашми ҷавҳари ойӣна об ме гардад
Агар зи соғари хуршеди зарра саргарм аст
зи бода ки сар офтоб мегардад ?
Умедвор набошам чаро ба навмидӣ ?
Сабуии обилаи пар аз сароб ме гардад
зи гиряи ахтар толеъ намешавад бедор
Намак ба дида бедард хоб ме гардад
Хазон ба хӯни гулистони абаси камар баста аст
Ки худ ба худ варақи ин китоб ме гардад
Ба хӯни қисмати ман хоки ончунон ташна аст
Ки шер дар қадаҳам моҳтоб ме гардад
зи қурби сӯхтагони дил наме тавон бардошт
Чигуна дӯди ҷудо аз кабоб мегардад ?
Дар он чаман ки манам андалеби он соиб
Гул аз назораи шабнам гулоб ме гардад