зи оҳи сард парво нест ушшоқи балокаш ро
Кунад бар дӯди сабри он кас ки май афрӯзади оташ ро
Фалак бо мардуми мумтози хасмӣ бештар дорад
Камон аввал кунад овораи тир рӯй таркиш ро
Ба фарёди сапанди мо дарин маҳфил ки пардозад ?
Ки ахгар дар гиребонаст аз хуии ту оташ ро
зи иброҳӣми адҳами шаҳсаворӣ пеш ме уфтад
Ки дар давлат нигаҳ дорад Аннани нафаси саркаш ро
Давоми ишқ агар хоҳӣ , макун бо васли омезиш
Ки оби зиндагӣ ҳам мекунад хомӯши оташ ро
Агар равшандилӣ , роҳ аз ту чандон нест то гардун
Ки чун шабнами сафари осон буд ҷонҳои беғаш ро
Хирадро пайравӣ аз роҳ ҳоҷат мекунад нодон
Вагарнаи кӯр аз худ кӯртар хоҳад ъсокш ро
Ба нури дили тавон аз зулмат ҳастӣ бурун омад
Алоҷӣ нест ҷузи бедории ин хоби мушавваш ро
Азон бо вусъати машраби зи мазҳаби сохтам соиб
Ки як оҳӯӣ ваҳшӣ нест он саҳрои дилкаш ро