Баланд овоза созад шӯри ошиқи ишқи саркаш ро

Ба фарёд оварад муштии намаки дарёии оташ ро

Ду боло мешавад шӯри ҷунун дар домани саҳро

Ки гардад болу пари майдони холии асби саркаш ро

зи сайру даври маҷнӯни ишқи ъолмсўз комил шуд

Ки созад шуълаи ҷуволаи хуши паргори оташ ро

Таровуш мекунад хӯни дил аз лабҳои хушки ман

Суфоли ташнагар берун диҳад саҳбоӣ беғаш ро

Ба эҳсони давлати дунёӣ фонӣ мешавад боқӣ

Ънондорӣ ба даст боз кун ин асби саркаш ро

Куҷои огоҳи гардӣ аз дили софи хашини пӯшон ?

Ки аз ойӣнаи дорӣ дар назари пушти мунаққаш ро

Фазои осмон тангаст бар ҷавлони шӯх ӯ

Ба афсун чун тавон дар шиша кардан он паривашро ?

Ба чашми худ чу мижгон ҷо диҳад сайди ҳарами тират

Макун холӣ ба ҳар сайди забуни зинҳори таркиш ро

Қаноат бо нигоҳ давр кун зи омезиши хубон

Ки оби зиндагӣ ҳам мекунад хомӯши оташ ро

Гузорад ишқ ҳар касро ки наъли шавқ дар оташ

Ба асби чӯби соиб тай кунад саҳрои оташ ро

Мефишон тухми қобил дар замини шӯр бе ҳосил

Ба бедардон махон зинҳори соиби шеъри дилкаш ро