Намурда , умр касе ҷовдон наме гардад

Хароб то нашавад ин дукон наме гардад

Чунон зи қайди таъаллуқи сабк баромада ам

Ки аз хумори сари ман гарон наме гардад

Маро басаст ҳамин обрӯ ки саҷдаи ман

Ғубори хотири он остон наме гардад

зи бас ки шикваи хунин ба рӯй ҳам фарш аст

Чу ғунча дар даҳани ман забон наме гардад

Ту аз гудози сухан чун ҳилол то нашӯй

Забони хома срёФшон наме гардад

Гаронӣу сабукӣ гарчи зиди икдгрнд

Касе сабк нашавад то гарон наме гардад

Ҳазор сбҳаҳ тазвир ҳаст дар гардиш

Дар он ҳарим ки ратл гарон наме гардад

Фалак намекашадат чун камон ба ҷониби худ

зи бори дарди қадат то камон наме гардад

Кадоми қофилаи по май наад ба водии ишқ

Ки зарраи зарра чу рег равон наме гардад

Агарчӣ булбули ин боғи нағма пардоз аст

Ҳарифи соиби оташ забон наме гардад