Ҷаҳони ҳаёт касеро змон наме гардад

Ки масдари асарӣ дар ҷаҳон наме гардад

зи кулуфти ту чаҳ парвост сайли ҳодисаро ?

Ғубори сади раҳ корвон наме гардад

Қадами зи ҷодаи ростӣ бурун магузор

Ки тири рости хаҷал аз нишон наме гардад

Насими ғунчаи тасвирро ба ҳарф оварад

Ҳануз ёри ман ба ман ҳам забон наме гардад

зи субҳи содиқ агар перҳан кунам дар бар

Садоқатам ба ту хотир нишон наме гардад

Шикояти ман аз афлок ихтиёрӣ нест

Ситами расидаи ҳариф забон наме гардад

Чаҳ ҳоҷатаст нигаҳбони сиёҳи чашмонро ?

Ба гирди каллаи оҳӯ шубон наме гардад

Ту бениёз ва ба ҷузи ҳарфи гирди сргштн

Маро ба ҳеҷ ҳадисӣ забон наме гардад

Муҳаббатаст ва ҳамин шеваи ҷавонмардӣ

Гумон мабар ки Зулайхо ҷавон наме гардад

зи санги тафриқаи холӣ шудааст домонаш

Ба гирди хок , абас осмон наме гардад

Ҳазор бор маро кард имтиҳони соиб

Ҳануз ишқ ба ман меҳрбон наме гардад