Чаҳ вусъатаст ки ин баҳр пургуҳар дорад
Ки ҳар ҳубоб дар ӯ олам дигар дорад
Дарин муҳӣт ба ҳар муваҷҷаҳ эй ки май печам
Дили рамидае аз реги ташна тар дорад
Чаҳ ҳикматаст ки осӯдатар буд дар роҳ
зи дӯши роҳравон ҳар ки бор бар дорад
Бғири дил ки ду олам буд ба фурмонаш
Кадоми хӯшаи дарин хокдони ду сар дорад ?
Ҳамеша хозин шаҳдаст аз ҳаловати айш
Касе ки хона чу занбӯр мухтасар дорад
Ба ашки токи дили боғбон наме сӯзад
Сиришки мо ба дили чарх кӣ асар дорад ?
Насиб хок нишинон буд ҳаловати айш
Дарин мақоми неи бӯрё шукр дорад
зи гирд то нафитодааст Осиёи фалак
Чаро касе зи ғами ризқи дида тар дорад ?
Ба ҷонибӣ равад аз шавқ ҳар нафаси дили мо
Дар ошиёнаи мо байзаи бол ва пар дорад
Дар он муҳӣт ки боди мурод таслим аст
Сафина аз нафаси нохудо хатар дорад
Ту гӯш чун садаф аз санг кардае , варна
Забони мавҷи хабарҳо азон гуҳар дорад
Ба доғ ишқ манеҳ дил ки ин ситораи шӯх
Ба ҳар таҷаллии худ машриқ дигар дорад
Ба тўФи каъба расӣдан гузаштанаст аз худ
Хушо касе ки сарви барги ин сафар дорад
Ба гирди чашми ту об ҳаё наме гардад
Дарин замона ки ойӣнаи чашм тар дорад
Мада ба аҳли сухани арз , фикри хомӣ ро
Ки ҳамчуи Тифли хароботи сад падар дорад
Дили ту қобили таъсири фикр соиб нест
Вагарнаи нолаи мо шуъла асар дорад