зи чеҳраи ту биҳишти об ва тоб бардорад

зи ҷилваи ту қиёмат ҳисоб бардорад

Насиб сӯхтагон мерасад зи пардаи ғайб

Ҳамеша обилаи об аз сароб бардорад

Чунин ки хуй ту кардааст ом носозӣ

Аҷаб ки оташи сӯзон кабоб бардорад

Чунон ақиқи ту аз хӯн халқ шуд сероб

Ки аз мушоҳидааш захм об бардорад

Бғири лухти дилу пораи ҷигари соиб

Чаҳ тӯшаи каси зи ҷаҳон хароб бардорад ?