Қадаҳ ба ҳавсилаи мо чаҳ метавонад кард ?

Сафина бо дили дарё чаҳ метавонад кард ?

Агар ду ёри мувофиқи забони яке созанд

Фалак ба як тан танҳо чаҳ метавонад кард ?

Алоҷи дарди худододи сабр ва таслим аст

Ба дарди ишқи мудово чаҳ метавонад кард ?

Ҳисори офияти рӯзгор ҳамворӣ аст

Ҳуҷуми сайл ба саҳро чаҳ метавонад кард ?

Каманди ҷазбаи кӯтоҳи хонаи ёқӯб

Ба иштиёқи Зулайхо чаҳ метавонад кард ?