Сбкрўӣ ки з сарпо наметавонад кард

Сафар чу қатра ба дарё наметавонад кард

зи бас ки мунфаил аз кардаҳои хештан аст

Фалаки нигоҳ ба боло наметавонад кард

Касе ки сайри прихонаҳ қаноат кард

Назар ба шоҳид дунё наметавонад кард

Касе ки дар дили мо ҷои хеш во накунад

Дигар ба ҳеҷ дилӣ ҷо наметавонад кард

Чунон зи нолаи булбули фазои боғи параст

Ки ғунчаи банди қабо во наметавонад кард

Ба ком ҳарки кашиданд шаҳди хомӯшӣ

Лаб аз ҳаловати он во наметавонад кард

Масеҳ агарчӣ кунад зиндаи мурдаро соиб

Алоҷи дарди дил мо наметавонад кард