Ҳисоби захми дили мо ки метавонад кард ?
Шумори муваҷҷаҳи дарё ки метавонад кард ?
Ситораҳои фалакро шумурдан осон аст
Ҳисоби доғи дили мо ки метавонад кард ?
Агар на сбҳаҳи реги равон ба даст уфтад
Шумори обилаи по ки метавонад кард ?
Хумори ман лаб мегаван ёр ме шаканд
Марои шукуфта ба саҳбо ки метавонад кард ?
Тавон ба дида хуршед рафт чун шабнам
Назар бар он рухи зебо ки метавонад кард ?
Нигоҳ ҳавсила сӯзасту хандаи ҳуши рибо
Турои далери тамошо ки метавонад кард ?
Магари зи чашми ғизолон савод бардорем
Назар ба наргиси Лайлӣ ки метавонад кард ?
Аннани сайри ту чун май ба даст хўдроиӣ аст
Туро ба ваъдаи тақозо ки метавонад кард ?
Агар ба шиша кунад хӯни ман сипеҳри кабӯд
Миёнҷӣ майу мино ки метавонад кард ?
Магари киришмаи тавфиқи Хизр роҳ шавад
Вагарнаи тавбаи зи саҳбо ки метавонад кард ?
Тавон ба оташи хуршед об зад соиб
Алоҷи оташи савдо ки метавонад кард ?
Гузоштем чаманро ба булбулони соиб
Ба ин гуруҳи мудоро ки метавонад кард ?