зи хештани сафарӣ ихтиёр хоҳам кард
Дили пиёдаи худро савор хоҳам кард
Миёни роҳ чу исо намекунам манзил
Азин гриўаҳ ба ҳиммат гузор хоҳам кард
Либоси орияти навбаҳор рехтанӣ аст
Чу анбар аз нафаси худ баҳор хоҳам кард
зи ашк рӯй заминро чу домани афлок
Пар аз ситораи шаби зинда дор хоҳам кард
Агар ҳаёт буд , нақд ҳастӣ худ ро
Нисори сӯхтагон чун шарор хоҳам кард
Маро ба ҳиммати мардон дастгир шавед !
Ки даст дар камар кӯҳсор хоҳам кард
Агар кунад хиради шишаи дили гронҷонӣ
Ба ратлҳои гарон сангсор хоҳам кард
Расад ба домани он офтоб агар дастам
Чу субҳ , зиндагии худ дубор хоҳам кард
Ҳамин қадар ки серуми зини шароб гарм шавад
Нигоҳ кун ки чаҳ бо рӯзгор хоҳам кард !
Чу субҳи як ду нафас каз ҳаёти ман боқӣ аст
Ба офтоби ҷабинон нисор хоҳам кард
Агар диҳанд ба ман боғи хулдро соиб
Ҳузури гӯшаи дил ихтиёр хоҳам кард