наме тавон зи карами манъи бода хорон кард
Ба дасти бастаи сабу ҳарчӣ дошт эҳсон кард
Умед ҳаст турои меҳрбон мо созад
Ҳамон ки оташ сӯзандаро гулистон кард
Хати ту бар варақи офтоб ҳукм навишт
Шикваи ҳасани ту ин мӯрро сулаймон кард
зи завқи дард ту болид мағзи ман чандон
Ки устихони марои ҳамчуи писта хандон кард
Карам ба аҳл карам кун аз риояти абр
Муҳӣт , рӯй заминро раҳин эҳсон кард
Ба ҳар тараф ки рӯй мавҷ мезанад маҷнӯн
Ба ним ҷилва ки Лайлии дарин биёбон кард
Лаби ту сӯхти дили олимӣ , магари эзад
Намаки зи шӯри қиёмати дарин намакдон кард ?
Мабод рӯзи хуши он хат бемурувват ро
Ки чашми шӯхи туро аз ситам пушаймон кард
Ҳамон дуруст азу шуд шикастааш соиб
Агар зи суҳбати хуршед , моҳ нуқсон кард