Назар бар он рух чун офтоб натавон кард
Ба як нигоҳи дили хеш об натавон кард
Камоли ҳасани турои нақс агар буд ин аст
Ки шеваҳои туро интихоб натавон кард
Азон зи рӯзи ҳисоби эминӣ ки май доне
Ки биҳсоби ту золим , ҳисоб натавон кард
Зуҳӯри маънии нозук буд зи пардаи лафз
Назораи рух ӯ бениқоб натавон кард
Накарда оби дили хешро чу шабнами гул
Таҳияи сафар офтоб натавон кард
Алоҷи ғифлат худ кун ки пой хоб олуд
Сафар чу танг шавад , дар рикоб натавон кард
Куҷо ба синаи дили ошиқон қарор кунад ?
Ба рӯй бистари бегона хоб натавон кард
Ба рӯзгори куҳансолии ин фаромӯшӣ
Ътиаҳ Эйаст ки ёд шабоб натавон кард
Фиреби ишқ ба оҳ дурӯғ натавон дод
Шикори Хизр ба дом сароб натавон кард
Дарин муҳӣт ки тӯфони Нӯҳ абҷад ӯст
Ба ҳар насим чу мавҷ изтироб натавон кард
Ба як назар ки туро додаанд ҳайрон бош
Ки сайри баҳр ба чашм ҳубоб натавон кард
Ба фикри халқ чаҳ нисбати хаёли соибро ?
Чаро тамизи хато аз савоб натавон кард ?