Шукуфаи мағзи шуъӯри маро парешон кард
Фурӯғи лолаи сари тавбаро чироғон кард
Гусаста буд агар ақди хўшдлии як чанд
Баҳор , мунтазам аз риштаҳои борон кард
зи ғусса ҳар гиреҳи мушкилӣ ки дилҳо дошт
Шукуфаи боз ба дандон гўҳроФшон кард
зи абри чатри призоди ҷилва гар гардид
Чу гул ба тахти ҳавои такя чун сулаймон кард
з лола шуд дару девор , ҷомаи фонӯс
Фурӯғи гули ҷигари хокро Бадахшон кард
Миёнаи чаману хонаи ҳеҷ фарқӣ нест
Ки ҷӯши гул дару деворро гулистон кард
Чу доғи лола , сияҳи хаймаҳои саҳро ро
Баҳор дар ҷигари лолаи зор пинҳон кард
зи барги сабз , чамани ҷилваи гоҳ тӯтӣ шуд
Шукуфа рӯй заминро чу шкрстон кард
Аҷаб ки доғ ба дармон шавад дигар пайдо
Ки ҷӯши лолаи дарин навбаҳор тӯфон кард
Шудааст риштаи гулдастаи ҷодаҳо яксар
зи бас ки лолау гули ҷӯш дар биёбон кард
Ба рӯй сайли тавон ҳамчуи пул саросар рафт
зи бас ки хонаи тақво ба хок яксон кард
Ба хандаҳои ҷигарсӯз , сабзи талхи баҳор
Намаки зи шӯри қиёмати дарин намакдон кард
Дигар ки пой тавонад кашид дар доман ?
Ки завқи сайри чамани сарвро хиромон кард
Чунин ки гули зи рикоб савор ме гузарад
Пиёдаи сайри дарин навбаҳор натавон кард
зи файзи мақдами аббоси шоҳи сонӣ буд
Ки навбаҳори ҷаҳон рӯй дар сафоҳон кард
Чу гули зи бодаи гулранги вақт ӯ хуши бод
Ки рӯй тозааш офоқро гулистон кард
Ба булбулон бигзор ин таронаро соиб
Ки васфи гул ба забон шикаста натавон кард