Ғизоли чашми ту раҳ бар паланг ме гирад
Ҳубоби баҳри ту боҷ аз наҳанг ме гирад
Буд масофи ту эй чарх бо шикастаи дилон
Ҳамеша шери ту оҳӯӣ ланг ме гирад
Макаши сар аз хати таслими ишқ кин сайёд
Ба доми мавҷи зи дарё наҳанг ме гирад
Чаҳ толеъаст ки шерозаи сафинаи ман
Мизоҷи арраи пушт наҳанг ме гирад
Ба чашми ҷавҳарёни об чун нигараданд ?
зи оби ин гуҳари ойӣна занг ме гирад
зи қайди ақл , маро ҳар ки мекунад озод
Асирӣ аз кафи аҳл фаранг ме гирад
Дарин диёр чаҳ лангар фикандае соиб ?
Чаҳ қимати оина дар шаҳр занг мегирад ?