зи ёди айши марои сина занг ме гирад

зи оби гавҳарами ойӣна занг ме гирад

Фиғон ки оинаи софи субҳи шанбеи ман

зи сояи шаби одина занг ме гирад

Фитодааст чунон обдори гавҳари ман

Ки қуфл бар дар ганҷина занг ме гирад

Май ду сола ҷило медиҳад ба як нафасаш

Дилӣ ки аз ғами дерина занг ме гирад

Фалак ба мардуми равшан гуҳар кунад бедод

Ҳамеша рӯй зи ойӣна занг ме гирад

Дилӣ ки роҳ ба офоти дӯстдории барад

зи меҳри бештар аз кӣна занг ме гирад

зи бас гузида шудам аз сухан , марои соиб

зи тӯтии оинаи сина занг ме гирад