Малол дар дили озода ҷо наме гирад
Замини содаи мо нақш по наме гирад
Ҳарифи партав миннат намешавад дили ман
зи сайқали оинаи ман ҷило наме гирад
Куҷо дароз шавад пеши ин сиёҳи дилон ?
Ки ранг , дасти ғаюр аз ҳино наме гирад
Сиррӣ ба афсар озодагӣ сазовораст
Ки ҷо ба сояи бол ҳумо наме гирад
Ба ҳарки нест ба ҳақи ошно , надорад кор
Сегӣаст нафас ки ҷуз ошно наме гирад
Чигуна булбули азин гулистон кунад парвоз ?
Ки шабнам аз рухи гулҳо ҳаво наме гирад
Сабки зи дашти вуҷӯди ончунон гузар кардем
Ки хӯни обилае пой мо наме гирад
Агар сафар кунӣ аз хеш дар ҷавонӣ кун
Ки ҷои пои сбкрў Асо наме гирад
Каримро з тараф нест чашми истеҳқоқ
Ба куфр , ризқи зи кофар худо наме гирад
Агар зи аҳли дилӣ аз газанд эмин бош
Саги маҳаллаи ишқ ошно наме гирад
Кашидаам зи тамаъи дасти худ чунон соиб
Ки нақш , паҳлуем аз бӯрё наме гирад