На пушти пой бар андеша метавонам зад

На ин дарахти ғам аз реша метавонам зад

Ба хасми гул задан аз даст ман наме ояд

Вагарна бар сари худ теша метавонам зад

Хушам ба зиндагии талхи ҳамчу май , варна

Бурун чу ранги азин шиша метавонам зад

Чаҳ нисбатаст ба мироби ҷӯии шери маро ?

Ба тешаи ман раги андеша метавонам зад

зи чашми шер мукофот нестам эмин

Вагарнаи барқ бар ин беша метавонам зад

Азон з ханда наёяд лабами баҳам чун ҷом

Ки бӯса бар даҳани шиша метавонам зад

Агар зи таъна ъоҷзкшӣ наяндешам

Ба қалби чархи ҷФопишаҳ метавонам зад

Надидааст ҷигаргоҳи бесутун дар хоб

Гулӣ ки ман ба сари теша метавонам зад

Хушаст пеш фитодан з ҳамРаҳон соиб

Вагарнаи гом ба андеша метавонам зад